ПАСАНДОЗҲОИ БОНК СУҒУРТА КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Айни ҳол дар Ҷамъияти саҳҳомии «Бонки рушди Тоҷикистон» 477 пасандози мӯҳлатноки аҳолӣ нигоҳ дошта мешавад. 26,2 фоизи он бо пули миллӣ, 63,5 фоизи пасандоз бо доллари ИМА, 6,9 фоизи он бо евро ва 3,4 фоизи дигар бо рубли Русия гузошта шудааст. Аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки то ҳол ягон соҳиби пасандоз маблағи худро пеш аз мӯҳлати муқарраршуда нагирифтааст. Бар акс, қисми зиёди соҳибони пасандоз баъди анҷом ёфтани мӯҳлати муқарраршуда, онро дароз мекунанд. Инчунин маъмурияти бонк бо Ширкати суғуртаи «М — Полис» қарордоди ҳамкорӣ имзо кардааст. Мувофиқи он, пасандозҳои дар Бонки рушди Тоҷикистон буда, бояд суғурта карда шаванд. Имрӯз фоидаи муомилоти пул дар бонк 120 фоизро ташкил медиҳад. Ин дар байни бонкҳои мамлакат натиҷаи назаррас ба шумор меравад. Тарҷумон — Қудратов А.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






