ПАЁМАДҲО ВА ПЕШГИРИИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишварҳои гуногуни дунё зарари калони молиявӣ расонида, ҷомеаи ҷаҳониро таҳдиди се бӯҳрони глобалӣ, яъне молиявӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ ба ташвиш овардааст.Барои пешгирӣ ва кам кардани таҳдиди бӯҳрони молиявӣ Ҳукумати ИМА, мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз захираҳои буҷетии худ барои ҳимояи бонкҳои ватании хеш маблағҳои зиёде ҷудо кардаанд. То ҳол чунин маблағҳо беш аз 3 трлн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд, ки барои пурра бартараф гардонидани ин бўҳрон натиҷаҳои мусбӣ надодааст. Зимнан бояд зикр намуд, ки бӯҳрони молияии ҷаҳонӣ асосан аз ҳолатҳои ногувори қарзи ипотекӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сар зада тамоми системаи молиявиро фаро гирифтааст.Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Сарвазири мамлакат аз 18 ноябри соли 2008 таҳти таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриро вобаста ба чораҳои пешгирии таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаи мувофиқашударо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд ва дар ин замина нақшаю чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ низ қабул гардид. Дар ин раванд, пешгирӣ ва паёмадҳои таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар Тоҷикистонро муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯров дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» шарҳ дода, зикр кард, ки кам шудани талаботи бозори ҷаҳонӣ ба маҳсулоти алюминий ва пахта боиси пастравии нархи фурӯши онҳо, ки маҳсулотҳои стратегӣ ба ҳисоб мераванд, гардид, ки ин бевосита ба ҳаҷми даромади буҷети мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин ҳолат вазоратҳои мутасаддиро лозим аст, ки маблағи камшударо аз ҳисоби содироти дигар маҳсулот ҷуброн намоянд. Инчунин, ба роҳ мондани назорати қатъии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва боздоштани маблағгузории баъзе аз лоиҳаҳои стратегии мамлакат ба миён меояд.Таъсири бӯҳрон ба низоми пулию молии мамлакат аз фаъолнокии Бонки миллии Тоҷикистон ва сиёсати молиявию пулии пешгирифтаи он вобастагии калон дорад. Қурби асъори миллӣ дар чумҳурӣ ба қурби доллари ИМА алоқаманд аст, ки ин якчанд омилҳои манфиро дорад. Аз он ҷумла, бо ин сабаб имрўз маблағҳои аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ интиқолшаванда аз ҳисоби фарқияти қурбӣ зарар дида истода, нархи молу маҳсулоти асосие, ки сабади истеъмолиро ташкил медиҳанд баланд шуда истодааст. Дар соли 2009 барои дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна ва дар ин замина зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва ташкил намудани фонди захиравии давлатӣ тадбирҳо андешида шуда истодааст. Танҳо барои додани қарзҳои имтиёзнок тавассути системаи бонкӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна ва ғайраҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 210 миллион сомонӣ равона мегардад.Дарёфти роҳҳои додани қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок ба корхонаҳои саноатӣ барои харидани ашёи хоми зарурӣ, пеш аз ҳама, металл ва сузишворӣ имкон медиҳад, ки дар саноати коркарди металл, аз ҳисоби захира кардани ашёи хоми зарурӣ бо нархҳои нисбатан арзон, арзиши аслии маҳсулот паст ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маротиб зиёд карда шавад. Мутаносибан шумораи ҷойҳои корӣ ва воридот ба буҷет низ меафзоянд. Яке аз самтҳои муҳимтарини нигоҳдории сатҳи таваррум ин афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, қабл аз ҳама маҳсулотҳои рӯзмарра ва кишоварзӣ мебошад, ки тавассути онҳо метавон талаботи аҳолиро қонеъ намуда, баландшавии нархҳоро пешгирӣ намуд. Бояд зикр кард, ки вобаста ба зарурати аз байн бурдани таъсири бӯҳрон ба пардохтпазирии бонкҳо ва қурби пули миллӣ, такмил додани сиёсати пулию қарзӣ, низоми суғуртаи пасандозҳо бо мақсади дастгирии нигоҳдорӣ ва афзоиши пасандозу амонатҳо дар низоми бонкӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои қарзӣ барои таъмини фаъолияти корхонаҳои бахши воқеӣ анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо дар доираи шартномаҳо бо шарикон бо пули миллӣ, аз тарафи мақомоти дахлдор давом додани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ оид ба ҷалби маблағҳои зарурӣ аҳамияти хоса бояд дод. Дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, такмил додани сиёсати андозу буҷет, таъмин намудани устувории фишангҳои молию пулӣ ва системаи бонкӣ чораҳои зарурӣ андешида, захираҳои дохилии молиявиро ҳарчи бештар афзун намудан лозим аст.Дар соли 2009 бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва хизматрасонии саривақтии қарзҳои беруна «Фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт» таъсис дода шудааст. Ҳамзамон ба мақсад мувофиқ аст вобаста ба имконияти Буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шавад ва онро дар ҳисоби алоҳида нигоҳ доштан лозим аст. Албатта, талаботи бонкҳо ва ташкилотҳои дигар метавонад аз ин маблағ чандин маротиба зиёд бошад, вале ин чорабиниҳо омодагии давлат ва эътимоди мардумро ба низоми бонкии ватанӣ зиёд мекунад.Вобаста ба бўҳрони озуқаворӣ ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди пурраи маҳсулоти дар кишвар истеҳсолшаванда иқтидорҳои истеҳсолӣ мавҷуданд. Вале бо сабабҳои таъмин нагардидани корхонаҳо бо ашёи хом, ин иқтидорҳо нокифоя истифода шуда истодаанд. Дар сурати бо зарфҳо, ашёи хом ва фондҳои гардон (аз ҳисоби қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок) таъмин гардидан, онҳо метавонанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ афзун намоянд. Дар мавриди зиёд намудани заминҳои истифодашаванда, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, афзудани ҳаҷми содироти маводҳо дар соли 2009 имконият пайдо мешавад, ки истеҳсоли маҳсулот ба 5 675,5 миллион сомонӣ расонида шавад ва дар ҳолати ба сатҳи соли 1992 расонидани баланси замин ба тариқи илова 597,1 миллион сомонӣ ва ҷамъ ба 6 273,6 миллион сомонӣ мерасад, ки нисбати соли 2007 ба маблағи 1 660,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон ба 62,2 ҳазор шаҳрвандон ҷои корӣ муҳайё карда мешавад. Монеаҳои фурўши маводҳои кишоварзӣ бартараф карда шуда, Биржаи ҷумҳуриявии дорои функсияҳои маркетингӣ ва брокерӣ бо гузаронидани фурӯш дар музоядаҳо ва зерсохторҳои он дар маҳалҳо ташкил карда шавад. Инчунин, бо ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба КВД «Саноати меваю сабзавотпарварии Тоҷикистон» фаъолияти ин корхона ҷоннок карда шуда, нуқтаҳои хариду фурўши маводҳои кишоварзӣ дар маҳалҳо кушода шаванд, аз ин ҳисоб зиёда аз 2 000 нафар шаҳрвандон ба ҷои кор таъмин карда шуда, даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) меафзояд.Барои пешгирӣ намудани бӯҳрони озуқаворӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти озуқаи худӣ тамоми захираю имкониятҳо бояд истифода карда шавад. Истифодаи самараноки заминҳои киштбоб, ташкили дурусти парвариши зироатҳо ва чорво ба роҳ монда шуда, ҳамзамон, ташкили сехҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ боз ҳам ривоҷ дода, дар ин раванд аз имкониятҳои маблағҳои грантӣ, инвеститсияҳои дохилӣ ва берунӣ васеътар истифода бурда шаванд. Дар ин раванд, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва «Матритсаи татбиқи чорабиниҳои амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» таҳия карда шуда, барои баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст. Вазорати рушди иқтисод ва савдо амалӣ намудани чораҳои мазкурро дар доираи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар мувофиқи мақсад ва саривақтӣ дониста, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳаҳо метавонад, иқтисодиёти мамлакатро барои бартараф намудани таъсири бӯҳронҳои молиявию иқтисоди ва энергетикию озуқаворӣ омода намояд.