ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭЪТИБОРНОМАИ САФИРИ НАВИ ЛИТВАРО ҚАБУЛ КАРД
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз эътиборномаи сафири нави фавқулодда ва мухтори Литва дар Тоҷикистон Ромуалдас Козировичюсро қабул намуд. Баъдан зимни сӯхбат масъалаҳои рушди муносибатҳои ҳар ду мамлакат баррасӣ шуданд. Мусоҳибон изҳори умед намуданд, ки сафари қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Литва муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, техникӣ, технологӣ ва илмию фарҳангӣ боз ҳам бештар густариш хоҳад бахшид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷараёни сӯҳбат ба вазъияти Афғонистон низ дахл карда шуд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






