Ш. САЛИМЗОДА НИСБАТ БА КОРМАНДОНАШ ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ БОЗ МЕКУНАД
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Мавджуда Давлатзода).- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 дар миқёси ҷумҳурӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ 1082 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи 95,7 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааст. Аз ин 20,8 миллион сомонӣ ё 21,7 фоизро камомади маблағҳо, молу мавод ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ташкил медиҳанд, ки ин назар ба соли 2006, яъне то таъсисёбии Агентӣ зиёд мебошад. Ин нуқтаро директори Агентии мазкур Шерхон Салимзода 28 январ, зимни нишасти матбуотӣ тазаккур дод. Ӯ афзуд, ки дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 33,7 миллион сомонӣ ба давлат баргардонда шуд, ки он 35,3 фоизи зарари ошкоркардашударо ташкил медиҳад. Дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти афзалиятноки фаъолият ҳисобидани барқароркунии товони зарари молиявӣ ба тадриҷ ба иҷро расонида шуда истодааст. Агар дар соли 2007 барқароркунии зарари молиявӣ 20,8 фоиз бошад, он дар нимсолаи аввали соли 2008 24 фоиз ва дар ҷамъбасти соли 2008 ба 35,3 фоиз расонида шуд, ки 15,5 фоиз зиёд мебошад. Агар соли 2006 ҳамагӣ 52 миллион сомонӣ зарари умумии молиявӣ ошкор карда шуда, аз ин 11,4 миллион сомонӣ бабқарор гардида бошад (21,9%), дар соли 2008 танҳо барқарор намудани зарар зиёда аз 33 миллион сомониро ташкил мекунад. Ғайр аз ин бо ташаббуси Агентӣ фаъолиятӣ андозсупории 114 ширкатҳо ва корхонаҳои хусусӣ санҷида шуда, ҳолатҳои руйпӯш намудани андозҳо ба маблағи зиёда аз 17,5 млн. сомонӣ ошкор карда шуд. Аз маблағҳои руйпӯшнамудаи андозҳо 8 миллиону 18 ҳазор сомонӣ рӯёнида ба буҷет ворид карда шуд. Мувофиқи дастури дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 январи соли 2009 додашуда имсол санҷишҳои андоз дар корхона ва ширкатҳои хусусӣ гузаронида намешаванд.Илова бар ин, мақомоти тафтишотии Агентӣ 3 миллиону 42 ҳазор сомониро дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ба давлат баргардонданд. Ҳамин тариқ, сохторҳои назорати молиявӣ, оперативӣ ва тафтишотии Агентӣ дар соли 2008 ҷамъ ба маблағи 44 миллиону 836 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби зарарҳои ошкоркардашуда ба давлат барқарор намуданд. Инчунин аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз 4,6 миллион сомонӣ барқарор ва аз ҳисоби зиёдомади молу амвол ва маблағҳои пулӣ 16,7 миллион сомонӣ ба даромад гирифта шуд. Ҷамъ ба давлат 66 миллион сомонӣ барқарор карда шуд. 1309 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуд, ки аз ин 8 нафар аз вазифаашон сабукдӯш шуданд. Шерхон Салимзода мӯътақид бар он аст, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 895 (соли 2007- 464) ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор карда шудааст, ки аз онҳо 385-тоашро (соли 2007- 181) ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва қаллобӣ, 161 тоашро (соли 2007 -99) ҷиноятҳои вобаста ба порахӯрӣ ва ришваситонӣ, ки 127- тоаш (соли 2007-77) аз ҷониби шахсони мансабдори мақомотҳои давлатӣ содир карда шудаанд, ташкил мекунад. Дар соли 2006 бошад, яъне то таъсис додани Агентӣ аз ҷониби тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ҳамагӣ 121 адад ҷиноятҳои порагирӣ ва ришваситонӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки 76-тоаш аз ҷониби шахсони мансабдори сохторҳои давлатӣ содир шудаанд, яъне баъди таъсиси Агентӣ танҳо аз ҷониби он 51 адад ё 67 фоиз порагирии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ зиёдтар ошкор карда шудааст. «Дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ оид ба ҷиноятҳои порахурӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва азхудкунии моликияти давлатӣ нисбат ба 95 нафар кормандони ин сохторҳо аз ҷумла 43 нафар кормандони мақомоти умури дохила, 11 нафар кормандони мақомоти андоз, 10 нафар кормандони хадамоти гумрук, 13 нафар афсарони Вазорати мудофиа, 4 нафар афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ, 8 нафар кормандони Вазорати адлия, 6 нафар кормандони сохторҳои судӣ (судя, судиҷрочӣ, пристави судӣ ва котиби маҷлиси судӣ) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти қисми зиёди онҳо ба охир расонида, ба суд ирсол карда шуданд», — идома дод директори Агентӣ. Кори муайяне дар пешгирӣ ва мубориза бо тасарруф ва талафи маблағҳо ва амволи давлатӣ бо роҳи азхудкунӣ, исрофкорӣ, истифода аз мансаб ва бесарусомониҳо бурда истодаем, 249 адад ин гуна ҷиноятҳоро ошкор намудем, ки аз ин 78 адад ба миқдори махсусан калон, аз ин ҷумла 15 адад ҳар якеаш зиёда аз 1 млн. то 3,5 млн. сомонӣ маблағи дуздидашуда ё талафёфтаро ташкил медиҳанд. Тафтиши 9 парванда дар ҳамин сол оид ба тасарруф ва талафи маблағҳо ва амволи давлатӣ ба маблағи зиёда аз 1 млн. сомонӣ ҳар якеаш ба итмом расонида шуда, 7-тои он ба суд ирсол шуда, қисми зиёди гунаҳкорон маҳкум гардиданд ва боқмонда дар баррасии судӣ қарор дорад. Танҳо дар чор моҳи охири соли 2008 6 чунин ҷиноятҳо ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҳар якеаш ошкор карда, маблағҳои зарар барқарор карда шуда истодаанд. Инчунин, кормандони Агентӣ ва сохторҳои маҳаллии он дар ин давра якчанд ҳолати камомад, бесарусомонӣ ва азхудкуниҳоро дар Бонки Миллӣ (1 миллиону 640 ҳазор сомонӣ), ҶСК "Душанбеконтрактпром" ва ҶCK "Агроинвестбонк"(1 миллиону 129 ҳазор сомонӣ), НОБ-и Норак (1 миллиону 282 ҳазор сомонӣ), Агентии давлатии ¬сугуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (2 миллиону 226 ҳазор сомонӣ), Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Ёвон (899 ҳазор сомонӣ), Беморхонаи марказии вилояти Суғд ( 1 миллиону 802 ҳазор сомонӣ), Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд (221 ҳазор сомонӣ) ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ (13,2 ҳазор сомонӣ) ошкор намуданд, ки нисбати бисёрии онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти ин парвандаҳо идома дорад, қисми дигараш ҳамчун мавод мавриди санҷиш қарор дорад. Яке аз сабабҳои паҳн гаштани тасарруф ва азхудкунӣ ин нодуруст интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои муҳосибӣ аз ҷумла сармуҳосибҳо мебошад. Ш. Салимзода тазаккур дод, ки дар ин маврид чизи дигарро қайд кардан зарур аст, ки тафтишу санҷишҳо аз тарафи вазорату идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баъзе ташкилоту корхонаҳо руякӣ гузаронида шуда маблағҳои зарар ошкор карда намешаванд. Мисоли ин беморхонаи марказии вилояти Сугд шуда метавонад, ки аз соли 2001 то инҷониб 14 маротиба мавриди санҷиш қарор дода шудааст, ки 4 маротибаи он аз ҷониби мутахассисони собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявӣ, 6 маротиба аз ҷониби Сарраёсати молияи вилоят ва 4 маротиба аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд санҷишҳо гузаронида шуда, камбудиҳои ҷиддиро ошкор накардаанд. Танҳо дар нимсолаи дуюми соли 2008 баъди гузаронидани санҷиши назорати давлатии молиявии Агентӣ тасарруфи маблағи беш аз 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуд. Ин ба 56,5 фоизи (1,8 млн : 3,07 млн.) маблағи фонди музди меҳнат ва 36 фоизи (1,8 млн : 5.02 млн.) тамоми маблағҳои хароҷотии беморхонаи мазкурро дар солҳои 2006, 2007 ва 9 моҳи соли 2008 ташкил медиҳад.Дар ин муддат ҷамъ тафтишоти 310 (с. 2007-137) парвандаи ҷиноятӣ ба охир расонида, 277 (с. 2007-115) адади он нисбати 409 (138) айбдоршаванда ба суд барои баррасӣ фиристода шуд. Ҷамъи маблағи умумии зарар аз руи ҷиноятҳои тафтишашон ба итмом расида 73,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра 118 адад (с.2007-27) аризаҳои даъвогӣ ба судҳо пешниҳод гардидааст, ки 37 адади онҳо дар бораи беэътибор донистани хусусигардонии иншоотҳои давлатӣ ва 81 то оид ба руёнидани зарари молиявй ба маблаги умумии 22,4 млн. сомонӣ мебошад. Аз ин 77 аризаи даъвогй то имруз қонеъ гардонида шуд, ки 52-тои он оиди рӯёнидани 14,6 млн. сомонӣ ва 25-то оиди беэътибор донистони хусусигардониҳо мебошанд. Санҷишҳо нишон доданд, ки дар баъзе ҳолатҳо моликияти давлатй бо нархҳои бараъло пасткардашуда 10-15 маротиба, ҳатто дар як ҳолат 55 маротиба аз арзиши тавозуниаш ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида мешаванд. Аз ҷумла, Эксковатори тамгаи "ЭКГ-5-А-У"-и заводи ба навъҳо ҷудокунии шагали ноҳияи Б.Fафуров зиёда аз 12 баробар арзонтар аз нархи тавозуниаш (210970 :17264) хусусӣ гардонида шудааст. Ё ин, ки иморати ҷомашӯии Беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои руҳии №1 воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ 55 маротиба (46696 : 847) аз арзиши тавозуниаш арзонтар хусусӣ гардонида шудааст. Ш. Салимзода қайд намуд, ки дар фаъолияти Агентӣ проблема ва камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, нақшаи санҷишҳои молиявӣ, 63 фоиз иҷро шуду халос. Бинобар сабаби нарасидани вақт (воҳидҳои корӣ), ҳар сол зиёд шудани маблағҳои буҷетӣ, зиёд ошкор шудани камомаду бесарусомониҳо, набудани ҳисобу китоби дуруст ва камфаъолиятии мутахассисони Агентӣ нақшаи санҷишҳо пурра иҷро нашуд. Ошкор намудани дуздиҳо ва камомадҳо бо тариқи оперативӣ, ошкор кардани коррупсия дар мавриди иҷозатномадиҳӣ дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Вайрон намудани тобеияти тафтишотӣ аз ҷониби дигар мақомотҳои тафтишотӣ ҷой дорад. Мутобиқи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта бояд аз ҷониби муфаттишони Агентӣ мавриди тафтиш қарор гиранд. Ин талабот дағалона вайрон карда шуда истодааст. «Ниҳоят ташвишовар аст, ки баъзе кормандони Агентӣ низ даст ба омилҳои коррупсионӣ мезананд ва бевосита аз ҷониби худи директори Агентӣ соли 2008 як парвандаи ҷиноӣ ва соли 2007-ум 2 парвандаи ҷиноӣ нисбати худи кормандони Агентӣ оғоз гардидааст, ки гунаҳкорон ҷазои худро гирифтанд», — гуфт дар хотима Шерхон Салимзода.