СОҲИБКОРОН БОЯД ВАЗИФАҲОЯШОНРО СОФДИЛОНА ИҶРО КУНАНД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ба ақидаи раиси Иттиҳоди миллии тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева ташкили ду минтақаи озоди иқтисодӣ — минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ» намунаи равшани иқдоми воқеии ислоҳоти иқтисодиёти мамлакат мебошад. Ҳадафи ин тадбир мавриди истифода қарор додани нерӯю имкониятҳои нави истеҳсолӣ ва технологияҳои навтарини замонавӣ аст. Танҳо ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт барои пешгирии бӯҳрони молиявӣ ва коҳиши истеҳсоли мол натиҷаҳои самарабахш дода метавонад, гуфт М. Ӯлҷабоева. Вай зикр кард, ки сиёсати кадрҳо ва ба низоми идора ҷалб намудани қувваҳои тоза дар ислоҳоти системаи идораи давлатӣ нақши муҳим гузошта метавонанд. Ба қавли коршинос, ислоҳоти низоми андоз низ зарур аст. Бо ин мақсад Кодекси нави андозро таҳия кардан лозим аст, ки мазмуну мундариҷаи он ҳам ба кормандони хадамоти андоз ва ҳам ба соҳибкорону тоҷирон фаҳмо бошад. Мавҷудияти низоми андозбандии дубора комилан норавост, зеро гурӯҳҳои алоҳида инро ба манфиати худ истифода мебаранд. Дар натиҷа дараҷаи рақобатпазирии молҳои сохти ватанӣ коҳиш меёбад. М.Ӯлҷабоева дар хотима изҳор намуд, ки ҳукумат ба манфиати тоҷирону соҳибкорон тадбирҳои самарабахш меандешад, онҳо ҳам бояд вазифаҳояшонро дар назди давлат софдилона иҷро кунанд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






