СУПОРИШИ САРВАРИ ДАВЛАТ ЧАРО ИҶРО НАШУД?

Январь 28, 2009 13:02

                Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷаласаи ҷамъбастии васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2008 ба Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат супориш дода шуда буд, ки ҷиҳати вусъат додани рушди иқтисоди миллӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлат 600 миллион сомонӣ аз нақша зиёд андоз ҷамъоварӣ карда шавад. Вале, бо сабабҳои гуногун ҳамагӣ 190 миллион сомонӣ аз нақша зиёд андоз ҷамъоварӣ гардиду халос.                 Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатов 27 январ зимни нишасти матбуотӣ сабабҳои мухталифи иҷро нагардидани ин супоришро шарҳ дода, зикр кард, ки яке аз омилҳо ин иҷро нагардидани ҷамъоварии 4 намуди андоз мебошад. Аз ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда, андози ягона, андоз аз коркарди маҳсулот ва андоз аз фурӯши нахи пахта, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет 43,8 миллион сомонӣ ворид нашуд. «Сабаби иҷро нагардидани ин намудҳои андоз, бахусус аз андоз аз арзиши илова шуда пардохт накардани андоз аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик», аз андози ягона бад шудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз андоз аз коркарди маҳсулот кам шудани истеҳсолот дар Корхонаи алюминии тоҷик «Талко» ва арзон шудани нархи алюминий дар бозорӣ ҷаҳонӣ ва аз андоз аз фурӯши нахи пахта бошад пурра ҷамъоварӣ нагардидани он ва поён рафтани нарх ҳам мебошад», — идома дод Н. Давлатов.                  Тазаккур додан ба маврид аст, ки соли 2008 ба буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 5 миллиарду 300 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба соли 2007-ум 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бо вуҷуди 106 фоиз иҷро шудани даромади умумии буҷет масъалаи бақияпулиҳо аз андоз, яъне қарздорӣ аз пардохти давлатӣ ҳанӯз пурра ҳалли худро наёфтааст ва баръакс сол то сол афзуда истодааст. Дар айни ҳол ҳаҷми умумии қарз аз андозҳо ва пардохтҳо дар мамлакат 506 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли гузашта 120 миллион сомонӣ зиёд мебошад.                  Бо вуҷуди аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ дастгирӣ гардидани буҷетҳои маҳаллӣ, яъне бо ин мақсад ҳамчун маблағи бебозгашт ҷудо карда шудани 222 миллион сомонӣ, ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Қубодиён, Носири Хусрав, Мастчоҳ ва шаҳри Ваҳдат нақшаҳои солонаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллиро пурра таъмин карда натавонистанд.                Ҳамзамон бо ин, соли 2008 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ба маблағи 96 миллион сомонӣ зарари молиявӣ, инчунин ба маблағи 17 миллион сомонӣ рӯйпӯш намудани андозҳоро ошкор намуд.                 Бо мақсади ба танзим даровардани низоми андозбандӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбастии соли 2008 ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дод, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба таъмин намудани иҷрои буҷети давлатӣ, пурра ба буҷет ворид кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Дар баробари ин, мақомоти зикршуда бояд механизми нави ҷамъоварии бақияпулиҳои андозро таҳия карда, вобаста ба он лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.                Гуфтанист, ки соли равон қисми даромади умумии буҷети давлатӣ ба андозаи 6 миллиарду 8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба буҷети соли 2008-ум 34 фоиз зиёд мебошад.                Бино ба маълумоти Кумитаи андози Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2008-ум 506,1 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба оғози ҳамин сол ба андозаи 119,7 миллион сомонӣ афзудааст. Имрӯз, ҳаҷми бақияи қарз дар вилояти Хатлон то ба 128,3 миллион сомонӣ, вилояти Суғд 109,2 миллион сомонӣ, Нозироти андози андозсупорандагони калон 210,5 миллион сомонӣ расидааст. Ба судҳо барои андешидани чораҳои маҷбӯран ситонидани қарзҳои андоз аз тарафи мақомоти андози ҳудудӣ ба миқдори 794 адад ба маблағи 203,2 миллион сомонӣ нисбат ба андозсупорандагони қарздор маводҳо фиристонида шуданд. Аз ҷумла дар вилояти Суғд 437 мавод ба маблағи 50,7 миллион сомонӣ, Хатлон — 197 мавод ба маблағи 25 миллион сомонӣ ва нозироти андози андозсупорандагони калон — 43 мавод ба маблағи 112,5 миллион сомонӣ ирсол гардидааст.                 Дар давоми соли 2008 маблағҳои аз ҳисоби ҳабси амвол ба даромади буҷет воридгардида 8,6 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби боздошти амалиёти суратҳисоби андозсупоранда — 17,2 миллион сомониро ташкил дод.                 «Бояд зикр кард, ки бо вуҷуди он, ки мақомоти андоз барои иҷрои супориши мазкур аз тамоми имконот истифода намуда бошанд ҳам, мутаассифона натавонистанд супориши Сарвари давлатро пурра иҷро намоянд. Дар давоми сол мо тавонистем ҳамагӣ 190,1 миллион сомонӣ аз нақша зиёд ҷамъоварӣ кунем, ки он 31,7 фоизи ӯҳдадориро ташкил медиҳад», — иқрор кард раиси Кумитаи андоз.  

Январь 28, 2009 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид