Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло машғулияти кӯтоҳмуддати омӯзишии «Системаи компютерӣ ва интернет-технология» ташкил карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин коллеҷ хабар медиҳад, ҳадафи асосии ташкили машғулият баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии шаҳрвандон дар самти истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, шиносоӣ бо барномаҳои компютерӣ, тарзи дурусти истифодаи интернет, кор бо ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи имконияти рақамӣ дар фаъолияти рӯзмарра мебошад.
Зимни омӯзиш иштирокчиён бо асосҳои сохтори компютер, истифодаи барномаҳои офисӣ, тарзи кор бо почтаи электронӣ, ҷустуҷӯи иттилоот дар шабакаи ҷаҳонии интернет, амнияти иттилоотӣ ва дигар донишҳои зарурӣ шинос мегарданд. Машғулият аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи коллеҷ бо усулҳои муосири таълимӣ гузаронида шуда, қисми зиёди дарсҳо хусусияти амалӣ доранд.
Ташкили чунин машғулият ба баланд гардидани савияи дониши технологӣ, беҳтар шудани имконияти шуғли шаҳрвандон ва мутобиқ гардидани онҳо ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд. Дар анҷоми машғулият ба иштирокчиён Шаҳодатномаи хатм супорида мешавад.
Маъмурияти коллеҷ тасмим гирифтааст, ки дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб пайваста чунин машғулияти омӯзишӣ гузаронад.
АКС: Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






