«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд

Апрель 12, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғиби  либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои неки ниёгон донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иқдоми тарғиботию-ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, ин иқдом дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аҳмади Дониш доир гардида, иштирокчиён дар байни  гулҳои рангоранги лола бо либосҳои миллӣ ҳозир шуда, зебоӣ ва ғановати фарҳанги миллии тоҷиконро муаррифӣ карданд.

Бояд гуфт, ки ин иқдом ҳамасола дар фасли баҳор- дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пеш гирифта мешавад. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ занону гулдухтарон бо либосҳои миллӣ ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт  либосҳои тоҷикиро муаррифӣ менамоянд.

Иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ соли ҳаштум аст, ки баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдом ҳамасола 1 март оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Имрӯзҳо дар саросари мамлакат иқдом идома дошта, дар доираи он занону духтарон ҳамарӯза либосии миллӣ ба бар менамоянд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 12, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд