«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад

Апрель 11, 2026 09:30

 ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» иқдоми шаҳрии ҷавонон доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иқдоми мазкур дар пойтахт аз соати 08:00 то 11:00 баргузор гардида, дар доираи он ҷавонон кӯчаю гулгашт, атрофи бино, хобгоҳҳо, иншооти ташкилоту муассисаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва майдончаҳои варзишии пойтахтро тоза менамоянд.

Иқдоми мазкур дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Клуби «Волонтёрони экологӣ» ба нақша гирифта шудааст. Мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур  тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Душанбе,  пайравии ҷавонони пойтахт аз ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар сатҳи баланду зарурӣ баргузор намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин ташаббуси экологӣ иштироки дастҷамъонаи ҷавонони касбу кори гуногун ва корхонаву муассисаҳои ҳудуди пойтахт дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони  соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, варзиш, истиқоматкунандагони хобгоҳҳо зимни ин иқдом кӯчаву гулгашт, боғҳо, каналу ҷӯйбор, майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ, бемористон ва оромгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанберо тоза менамоянд.

Иқдоми мазкур ҳамзамон ба хотири тарбияи хуб, рӯ овардани ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба қадри моликияти ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 11, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!