ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНАИ БАЧАГОН ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бо мақсади бофароғат гузаронидани таътили зимистонаи бачагон бахши Ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳр чорабиниҳои фароғатӣ ташкил намуд. Роҳбари бахш Баҳром Рустамов мегӯяд – «Чорабиниҳои мазкурро бо ёрии ҷавонони шаҳр аз 1-уми январ оғоз намудем ва ҳамарӯза дар қасри Маркази Ҷавонон ду маротиба гузаронида мешавад. Инчунин дар толорҳои мактабҳои варзишӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ силсилаи мусобиқаҳои варзишии гуногун гузашта истодааст». Баҳром устамов РорРрррРРустамов афзуд, ки гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар ҷалби ҷавонон ба варзиш ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию фарҳангии ҷавонон мусоидат мекунад. Бояд қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо таи чанд соли охир дар шаҳри Кӯлоб дар таътили зимистона гузаронида намешуданд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






