«ТОҶИКГАЗ» ВАЪДАХИЛОФӢ МЕКУНАД
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар моҳи декабри соли 2008-ум ҳамагӣ 415 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи гази табиӣ аз аҳолии пойтахт ҷамъоварӣ шудааст, ки талаботро қонеъ гардонида наметавонад». Чунин гуфт дар ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов. Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки масъалаи ҷамъоварии маблағи истифодаи гази табиӣ вазифаи кормандони КВД «Тоҷикгаз» аст. Раиси шаҳр зикр кард, ки дар мавриди насби ҳисобкунакҳои газӣ КВД «Тоҷикгаз» ваъдахилофӣ менамояд. Тибқи ваъдаҳо роҳбарияти «Тоҷикгаз», мебоист дар соли 2008 аз ҷониби ин корхона ба пойтахт 10 ҳазор ҳисобкунакҳои кортӣ оварда, насб карда мешуд. Мутаассифона то имрӯз танҳо 2 ҳазору 720 ҳисобкунакҳо насб карда шудааст, ки сабаби асосии он сари вақт пардохт нагардидани маблаги истифодаи гази табиӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба истифодаи гази табиӣ дар пойтахт гардидааст. Дар ин маврид аҳолии пойтахт ва дигар субъектҳои он маҷбур мешаванд бештар аз нерӯи барқ истифода намоянд, ки боиси аз кор баромадани трансформаторҳои барқӣ мегарданд. Алҳол танҳо 30 фоизи аҳолӣ ва дигар субъектҳои шаҳри Душанбе бо гази табиӣ таъмин буда, дар як шабонарӯз ба аҳолии пойтахт 35 ҳазор метри мукааб гази табиӣ дода мешавад. Муовини аввали Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов, аз Раиси КВД «Тоҷикгаз» Ф. Муҳсиддинов эрод гирифта гуфт, ки чаро маблағи ҷудонамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҳисоби Бонки Рушди Осиё аст, ҷиҳати харидории ҳисобкунакҳои кортии газӣ истифода намешавад. Муовини Сарвазири мамлакат ба роҳбариятии «Тоҷикгаз» супориш дод, ки таъминоти гази табииро дар пойтахт таҳти назорати ҷиддӣ гирад.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






