«ЗАРКАМАР» ТОҶИКИСТОНРО МУАРРИФӢ МЕКУНАД

Январь 7, 2009 16:33

         Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хоҷагии деҳқонии «Заркамар»-и Ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор дорои 500 гектар боғ аст,-мегӯяд раиси хоҷагӣ Фатҳиддин Қосимов. Дар соли 2008 хоҷагӣ ба андозаи 103 гектар боғи нав бунёд намуд. Хоҷагӣ ҳамчунин дорои 187 гектар боғи ангур ҳам мебошад. Аъзоёни хоҷагӣ дар давоми соли 2008 коркарди майдони токзорро ду-се маротиба хушсифат анҷом дода, дар натиҷа ҳосили фаровони ангур рӯёниданд.         Дар соли 2008 хоҷагӣ  ба бозорҳои шаҳри Душанбе бештар аз 80 тонна   меваю ангур ворид намуда, даромади хуб ба даст овард. Як қисми маҳсулоташро хоҷагӣ ба корхонаҳои коркарди меваю сабзавот супорид ва аз он ҷо ҳам даромади хуб гирифт.        Дар оянда дар дохили хоҷагӣ бо мақсади коркарди меваю ангур   сохтмони корхонаи хурди шарбатбарорӣ ба нақша гирифта шудааст. Хоҷагӣ ният дорад бо маҳсулоти худ   Тоҷикистонро дар давлатҳои Шақу Ғарб  муаррифӣ намояд.

Январь 7, 2009 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд