АРЗИШИ ДОЛЛАР НИСБАТИ СОМОНӢ ТОРАФТ БОЛО МЕРАВАД

Февраль 4, 2009 16:22

                   Душанбе, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Рӯзҳои охир арзиши доллари ИМА нисбати сомонӣ якбора хеле баланд гардид. Масалан, 3 феврал дар бунгоҳҳои табдили пул дар бозорҳои «Саховат» ва «Корвон» 1 доллари ИМА бо 3 сомонию 85 дирам иваз карда шуд. Имрӯз арзиши доллар дар пойтахт ба 4 сомонӣ баробар шудааст.                  Аз Ҷамъияи саҳҳомии «Агроинвестбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар бунгоҳҳои мубодилаи пули бонк 2 феврал як доллари ИМА ба ивази 3,75 сомонӣ харида, ба ивази 3,77 сомонӣ фурӯхта шуд. Дар бунгоҳҳои мубодилаи пули Ҷамъияти саҳҳомии Бонки рушди Тоҷикистон рӯзи душанбе як доллари ИМА бо 3,78 сомонӣ ва имрӯз бо 3 сомонию 90 дирам иваз карда шуд. Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки арзиши расмии доллар нисбати сомонӣ 3 сомонию 72 дирам мебошад. 3 феврал арзиши як доллари ИМА ба 3 сомонию 68 дирам баробар буд.

Февраль 4, 2009 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд