МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агенти обуҳавошиносии мамлакат, имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ бориши барф ба қайд гирифта шуд. Боғпарварон бояд аз ин рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд. Яке аз тадбирҳои муҳими агротехникӣ дар фасли зимистон яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ ба ҳисоб рафта, кишоварзон бо ин роҳ метавонанд барои захиракунии намӣ, нест кардани ҳашароту зараррасонҳо, баланд бардоштани ҳосилхезии замин, ба даст овардани маҳсулоти босифат ва меваҳои лазизу шаҳдбор замина гузоранд. Деҳқонон бояд аз ин рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд. Чунин тавсия медиҳад доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба деҳқонони мамлакат.
Моҳи аввали зимистони имсола гарм ва камбориш сипарӣ гардид, аз ин рӯ дар боғҳо гузаронидани обмонии захиравӣ, яхобмонӣ ва башаклдарории дарахтон хеле зарур ва саривақтӣ мебошад. Ҳамин маъракаи яхобмонӣ дар оянда дар фасли гармо метавонад ба нашъунамои растаниҳо таъсири хуб расонад.
Ба иттилои Ҳикматулло Назиров, дар натиҷаи яхобмонӣ шӯрии хок кам шуда, замин намиро беҳтар мекашад ва микроорганизму ҳашароти зараррасон нобуд мегарданд. Хуб мешавад, ки дар ин фасл мо обёриро якчанд рӯз пайи ҳам таъмин намоем.
«Агар хоҷагидорон сари вақт обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ гузаронанд, дарахтон дар зимистон боз карахттар шуда, дертар ба нашъунамо оғоз менамоянд. Дар ин давра заминҳои лалмиро бояд шудгор ва атрофи дарахтонро нарм намоем»,- изҳор дошт коршинос.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба яхобмонӣ сухан намуда, иброз доштанд, ки «бояд деҳқонон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, сари вақт ба заминҳо яхоб монанд. Зеро яхобмонӣ манфиати зиёд дошта, дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд».
Олимони соҳаи кишоварзӣ чунин мешуморанд, ки аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об дар бехи дарахтон захира шуда, ба ин восита касалиҳои хок ва ҳар гуна ҳашарот нобуд карда мешаванд.
Ба андешаи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, манфиати яхобмонӣ дар он ифода меёбад, ки давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Ӯ чунин мешуморад, ки вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.
Ҳикматулло Назиров илова намуд, ки корҳои дигаре, ки иҷрои онҳо дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд, буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон, ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!






