АЗ ХАТОГИҲОИ СОЛИ 2008 БОЯД ХУЛОСА КАРД
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти муовини вазири кишоварзӣ М.Қодиров, соли 2009 дар ноҳияи Шаҳринав тибқи нақша, барои кишти пахта 1600 гектар замин пешбинӣ шудааст. Хароҷоти парвариши 1 гектар пахта дар соли 2008 800 долларро ташкил дода бошад, дар соли 2009 он аз рӯи ҳисобҳои пешакии мутахассисон, бо сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣ, химикатҳо ва истифодаи техника ба 1280 доллар ё ба 4 ҳазору 684, 2 сомонӣ баробар мешавад. Соли 2008 тавассути маблағгузории қарзҳои бонкӣ танҳо 4 хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба миқдори 8 ҳазору 500 сомонӣ аз тарафи «Агроинвестбонк» маблағгузорӣ карда шуд. Хоҷагиҳои дигари пахтакор бошанд, ба таври худмаблағгузорӣ фаъолият намуданд. Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта омилҳои нарасидани маблағ, нуриҳои минералӣ, баланд шудани нархи сӯзишворӣ ба кори агротехникии парвариши пахта таъсири манфӣ расонд. Соли ҷорӣ бояд аз камбудиҳои соли гузашта хулоса карда, самти корҳо ба таври мусбӣ тағйир дода шавад,- иброз намуд муовини вазир М.Қодиров








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






