ФАЪОЛИЯТИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ ХУБ АСТ

Февраль 27, 2009 10:51

                  Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат, дар натиҷаи фаъолияти самарабахши ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат соли 2008 ба ҷои 1 миллиону 374,1 ҳазор сомонӣ 1 миллиону 407 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки аз нақша 32,9 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҷамъбасти солона нишон дод, ки ҷамоатҳои деҳот аз иҷрои ҷамъоварии 4 намуди андоз ба хубӣ баромада тавонистанд.                 Ҷамоатҳои деҳот дар ҳамкорӣ бо идораи фурӯши барқи ноҳия аз аҳолӣ 1 миллиону 896,5 ҳазор сомонӣ ва аз истифодаи об дар заминҳои наздиҳавлигӣ 76,9 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ намуданд.                 Бо дастгирии ҷамоатҳои деҳот ба нозироти андоз аз 2968 хоҷагии деҳқонӣ 398,2 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоӣ ворид карда шуд.  

Февраль 27, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид