ИНВЕСТИТСИЯ МАҚСАДНОК ИСТИФОДА КАРДА ШУД
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ азхудкунии инвеститсияҳо дар сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳо беҳтар гардид. Дар соли 2008 дар нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 1679386,8 ҳазор сомонӣ инвеститсияи сармояи асосӣ истифода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 190686,5 кам аст. Дар нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» баръакс, азхудкунии инвеститсия зиёд гардидааст. Дар ин нерӯгоҳ аз оғози сохтмон то1-уми январи соли 2009 334685,0 ҳазор сомонӣ инвеститсияи сармояи асосӣ истифода шудааст. Аз он ҷумла аз ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони ин нерӯгоҳ 67705,4 ҳазор момонӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон 266979,6 ҳазор сомонӣ инвеститсия истифода шудааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






