МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ДАР ТОҶИКИСТОН

Февраль 21, 2009 08:48

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Макота Оҷироро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.                 Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки осиёии рушд дар чаҳорчӯби Стратегияи нав барои солҳои 2009-2012 ва Стратегияи дарозмуддат барои то соли 2020 баррасӣ шуд.Ҳарду ҷониб аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.                Макота Оҷиро изҳор дошт, ки Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ 102 миллион доллари амрикоӣ грант ё худ кӯмаки бебозгашт пешниҳод менамояд, ки аз он 64 миллионаш барои соли равон ҷудо мешавад. Таъкид гардид, ки ин маблағҳо асосан ба дастгирии буҷети давлатӣ, афзоиши коркарди пахта дар дохили кишвар ва рушди иқтисоди бозорӣ равона мегардад.                Макота Оҷиро ҳамчунин таъкид дошт, ки ғайр аз ин Бонки осиёии рушд омода аст барои татбиқи амалии чораҳои зидди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол таҳия мекунад, кӯмакҳои иловагӣ расонад.                Хотиррасон гардид, ки алҳол дар Тоҷикистон бо сармоягузории Бонки осиёии рушд 13 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии онҳо 380 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз соли 2008 ин ҷониб, яъне баъди даҳсолаи аввали ҳамкориҳои пурсамар Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон танҳо ба таври грант ё худ кӯмакҳои бебозгашт маблағ ҷудо мекунад.                Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳори ҳавасмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки аксари лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, пеш аз ҳама лоиҳаҳои дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика амалишаванда ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа равона гаштаанд.                 Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Февраль 21, 2009 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд