НАВРӮЗИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭРОН МУСТАҚИМАН ПАХШ МЕШАВАД
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ташрифи шумо ба Тоҷикистон дар тақвияти фазои иттилоотии Тоҷикистону Эрон, ки ду кишвари дӯсту бародаранд такони ҷиддӣ мебахшад», гуфт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқоташ бо Раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Изатулло Зарқомӣ. Тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду давлат натиҷаи пурсамари иродаи сиёсии Сарони Олии давлатҳо мебошанд, афзуд М. Убайдуллоев. Кумитаи радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин самт бо инобати воқеияту дурнамои ҳамкории ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратии гуногунҷабҳа ва робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо бо истифода аз таҷрибаву потенсиали ҳамдигар, дар заминаи фазои ҳуқуқии мавҷуда ҳамчун омили сарчашмаи таърихӣ дошта, механизмҳои ҷадиди ҳамкориҳоро роҳандозӣ менамояд. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон афзуд, ки дар роҳи расидан ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки Тоҷикистон ба он қадамҳои нахустин мегузорад, таҷрибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо усулҳои нишонрас таблиғ карда шавад. Раиси Созмони садо ва симои Эрон Сайид Изатулло Зарқомӣ гуфт, ки дар доираи ҳамкориҳои тафоҳумӣ омодааст, ки ҷиҳати таблиғи дастовард ва ниёзмандиҳои Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии гуногун, ки фарогири паҳлӯҳои мубрами ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакатанд, потенсиали расонаҳои хабариро дар минтақа ва ҷаҳон сафарбар созад ва дар ин самт барномаҳои мушаххаси тарафҳо аллакай тарҳрезӣ гардидаанд. Нахустин иқдом дар ин самт пахши мустақими таҷлили Наврӯзи Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






