ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАҲОИ АДАБӢ

Февраль 13, 2009 11:31

                Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Саддридин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода озмун эълон намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов хабар дод, аз рӯи шартҳои озмун иштирокчиён бояд асарҳои дар давоми солҳои 2007-2008 нашр шудаашонро пешниҳод намоянд. Ба асарҳои беҳтарини насрӣ, очерк ва публитсистика, таҳқиқ ва тарҷумаи осори насрӣ ду Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ ва барои асарҳои беҳтарини назм, таҳқиқ ва тарҷумаи асарҳои назмӣ ду Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода дода мешавад. Муаллифон бояд асарҳояшонро то 10 март ба комиссияи озмун пешниҳод намоянд. Асарҳои пешниҳодшуда дар Раёсати Иттифоқи нависандагон ва баъд дар матбуот муҳокима карда мешаванд. Ғолибони озмун дар арафаи иди Истиқлолияти ҷумҳурӣ муайян карда хоҳанд шуд.  

Февраль 13, 2009 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад