ПИРӮЗИИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ДАР БИШКЕК
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии самбо, ки ба хотираи гиромидошти сарбози интернатсионалист Виталий Гордеев гузаронида шуд, ба анҷом расид. Паҳлавони тоҷик Олим Зикаев дар вазни то 57 килограмм ҷои аввалро касб намуд ва бо медали тиллои мусобиқа мукофотонида шуд. Шарафи варзиши тоҷикро дар ин мусобиқа намояндагони бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи кишвар дар навъи самбои варзишӣ ҳимоя карданд. Дар мусобиқа варзишгарони Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






