ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Февраль 23, 2009 17:06

             Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 16-умин              солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ               Рафиқон генералҳо!             Афсарон ва сарбозон!             Имрӯз ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 — сол пур мешавад, ки ба ин муносибат ҳамаатонро табрику таҳният мегӯям. Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки баробари соҳиби истиқлолияти давлатӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин иқдоми Ҳукумати кишвар, сарфи назар аз ҳама мушкилот, ба вуҷуд овардани Қувваҳои Мусаллаҳ буд.              Зеро ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Чунин артиш сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб мешавад.               Ҳукумати кишвар бо назардошти вазъияти тағйирёбандаи ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳони имрӯза ба таъмини моддӣ-техникӣ, пуррагардонии сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар эътибори хоса медиҳад. Дар ин ҷода, аз як тараф бо роҳи ташкил, пуррагардонӣ ва ҷобаҷогузории қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар самти муҳими ҳарбӣ-стратегӣ, аз тарафи дигар бо роҳи муҳайё сохтани шароити мусоид барои сарбаландона иҷро намудани вазифаҳо дар ҳама ҳолатҳои фавқулодда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.              Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Ҷавонони мо бояд қарзи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро намоянд.              Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.               Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад.                Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати 16-умин солгарди таъсисёбии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба шумо сиҳатию саломатӣ, рӯзгори хуш, осмони соф, хушбахтии оилавӣ ва дар ҳифзи Ватан бурдбориҳо орзу менамоям.  

Февраль 23, 2009 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ