А. САМАДОВ: «БОИСИ ИФТИХОР АСТ, КИ АДАБИЁТИ МО БА ЗАБОНҲОИ ДИГАР ТАРҶУМА МЕШАВАД»

Март 4, 2009 15:05

                    Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли гузашта дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат таъқид карда буд, ки бояд беҳтарин осори адабиёти ҷаҳонӣ ба тоҷикӣ тарҷума шавад ва асарҳои маъруфи адабиёти мо ба забонҳои дигар баргардонида шаванд.                     Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҷиҳати татбиқи ин гуфтаҳои Сарвари Давлат Иттифоқи нависандагон адибонро ба тарҷумаи асарҳои беҳтарини кишварҳои хориҷӣ ҷалб намуда, то имрӯз як қатор асарҳоро аз забонҳои гуногун ба забони тоҷикӣ тарҷума намуданд. Аз ҷумла, яке аз романҳои нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов «Вақте ки кӯҳҳо меафтанд» ба забони тоҷикӣ баргардонида шуд, ки дар байни асарҳои тарҷумашуда ва ҳаводорони наср маъруфияти бештар пайдо кард. Инчунин, силсилаи ҳикояҳо ва шеърҳои адибони белорусӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, дар шакли китоб нашр шуданд.                     Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта аз ҷониби Маркази тарҷумаи шеър ва Бунгоҳи нашрии «Энитармон-Пресс»-и Англия маҷмӯаи ашъори шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона бо забони англисӣ таҳия ва нашр гардид. Ин маҷмӯа ашъори бо сабки нав сурудаи шоираро дар бар гирифта, ҳангоми барномаи шеърхонӣ дар Англия ба дасти хонандагон расид.                    «Боиси ифтихор аст, ки Фарзона яке аз аввалин шоири муосири тоҷик аст, ки ашъораш бо забони англисӣ тарҷума ва нашр мегардад. То имрӯз ашъори Фарзона ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва баъзе забонҳои дигар тарҷума ва нашр шудааст», — тазаккур дод А. Самадов.                     Маълумотнома аз АМИТ «Ховар»                    Бо ибтикори Сарвари Давлат соли 2008 дар номгӯи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ як мукофот барои тарҷума ва густариши робитаҳои адабӣ пешбинӣ шуда буд. Ин ҷоиза насиби муҳаққиқ ва донишманди эронӣ Сайид Нафисӣ барои тадқиқотҳои назарраси осори Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.  

Март 4, 2009 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад