ДАР ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛ-СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ФАЛАК» ДОИР МЕГАРДАД

Март 4, 2009 15:04

                   Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади ривоҷу равнақ додани санъати фалакхонӣ, таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ, густариши санъати касбии тоҷик, дарки илмии моҳияти фалак ва дуруст муайян намудани мавқеи таърихиву фарҳангии он дар ҷомеа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» доир мегардад.                    Тибқи қарори мазкур Вазорати фарҳанги ҶТ вазифадор шудааст, ки то 10 марти соли равон Низомномаи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак»-ро таҳия намуда, онро ба кишварҳои даъватшаванда ирсол намояд. Инчунин, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати ташкил ва дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани фестивали мазкур бояд мусоидат намоянд.

Март 4, 2009 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад