«ДАР ОРЗУИ ПАДАР» БО ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ АЗ ЧОП БАРОМАД
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар нашриёти «Истиқлол» аз аввали сол як қатор китобҳо ба табъ расиданд. Аз ҷумла, ба наздикӣ яке аз асарҳои беҳтарини нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоев «Дар орзуи падар» аз тарафи нависандаи ӯзбек Омонбой Ҷуманов тарҷума шуда, бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори ташкилоти байналмилалии «Истиқлол» Латофат Кенҷаева хабар дод, акнун хонандагони ӯзбек низ метавонанд аз хондани ин асари безавол баҳравар гарданд. Л. Кенҷаева зикр намуд, ки боз 30 китоби нав барои кӯдакону наврасон барои нашр омода ҳастанд ва бо пайдо шудани маблағи муайян онҳоро чоп хоҳанд намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






