ФЕСТИВАЛИ ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 2 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» баргузор мегардад. Он бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ ва Китобхонаи бачагонаи ба номи М. Миршакар гузаронида мешавад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», дар маркази матбуотии вазорат хабар доданд, мақсад аз баргузории ин ҷашнвора тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кўдакону наврасон, ҷалб намудани таваҷҷўҳи хонандагони наврас ба китобхона ва китобхонӣ, ташаккули малакаҳои хониш ва дар ин замина мусоидат намудан ба такомули фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон мебошад. Вазифаҳои фестивал таъмин намудани иштироки фаъолонаи кўдакон дар баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва бедорсозии шавқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ ва тарбияи хислатҳои беҳтарини инсонӣ ба шумор меравад. Дар фестивал адибону олимон ва хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ ва кӯдакони синни томактабӣ иштирок менамоянд. Фестивал як ҳафта идома меёбад ва 8-уми апрел дар Театри ҷавонони ба номи М. Маҳмудов ҷамъбаст хоҳад гардид.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






