КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 1310 — СОЛАГИИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Март 3, 2009 10:51

             Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 2 март дар Кохи Рўдакии маркази вилояти Суғд, бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» идома гирифт, ки дар кори он раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ширкат намуда, дар мавзўи «Ҷойгоҳи Имоми Аъзам дар густурдаи фарҳангӣ» маърўза кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд.               Дар ин конфронс, инчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Асомиддинов, доктори илмҳои филологӣ Абдуманнон Насриддинов, Низомиддин Зоҳидов ва Саидумрон Саидов доир ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва мақому мартабаи Имоми Аъзам маърӯза карданд.               Конфронси мазкур имрӯз дар бахшҳои забону адабиёт ва таъриху сиёсат дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома меёбад.  

Март 3, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад