КУРСҲОИ ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ СОҲИБКОРОНУ ТОҶИРОН
Қӯрғонтеппа, 3 март (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов зимни мулоқот бо соҳибкорону тоҷирони вилоят зикр намуд, ки тоҷирону соҳибкорон дар рушди иқтисодиёти минтақа ва мамлакат саҳми калон мегузоранд. Таъкид карда шуд, ки дар вилоят тиҷорати хурду миёна торафт бештар вусъат пайдо мекунад. Ғ.Авзалов афзуд, ки солҳои охир соҳибкорони вилоят ба маблағи бештар аз 22 миллион сомонӣ қариб 1000 корхонаю муассиса бунёд намуданд. Вале дар ин соҳа проблемаҳо вуҷуд доранд ва барои ҳалли онҳо густариш додани фаъолияти худи соҳибкорон зарур мебошад. Ба ақидаи раиси вилоят, дар баъзе масъалаҳо набудани таҷриба ва дониши маҳдуди соҳибкорон халал мерасонад. Бинобар ин зарурати кушодани курсҳои таълимии такмили маҳорати касбии соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба миён омадааст, гуфт Ғ.Авзалов.