МАҲДУДИЯТИ ТАЪМИНОТИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР МИНТАҚАҲОИ МАМЛАКАТ ДАВОМ
Душанбе, 3 март (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар шаҳри Душанбе маҳдудияти таъминоти қувваи барқ барҳам дода шуд. Тавре ки аз Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин натиҷаи интиқол додани қувваи барқи Туркманистон ба воситаи системаи энергетикии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мебошад. Ёдовар мешавем, ки қувваи барқи Туркманистон аз 27 феврал сар карда, ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.Дар вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ зикр карданд, ки ин баъди дар Тошканд анҷом ёфтани гуфтушуниди энергетикҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон имконпазир гардид. Масъалаи бекор кардани маҳдудияти таъминоти қувваи барқ дар минтақаҳои мамлакат то ҳанӯз ҳал нашудааст.