МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРӢ ДАР МУБОРИЗА Б А МУҚОБИЛИ РИШВАХ
Душанбе, 3 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Коршиносони давлатҳои ИДМ 3 — 4 март дар шаҳри Минск масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили ришвахӯриро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар робита лоиҳаи Созишнома дар ин масъала таҳлил карда ва такмил дода хоҳад шуд. Ҳадафи он иҷрои нақшаи тадбирҳои асосии амалӣ сохтани барномаи рушди минбаъдаи ИДМ ва барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ то соли 2010 мебошад. Лоиҳаи созишнома моҳи декабри соли гузашта зимни мулоқоти роҳбарони мақомоти салоҳиятдори корҳои дохилии мамлакатҳои ИДМ пешниҳод карда шуда буд. Баъди эътибор пайдо кардани созишнома давлатҳои дигар ба он ҳамроҳ шуда метавонанд.