МУЛОҚОТ ДАР АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАДОР

Март 31, 2009 10:14

                   Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Директори Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ Рустам Назаров дирӯз бо ҳайати Комиссияи баррасии барномаҳои самарабахш ва мақсаднок истифода бурдани кӯмакҳои ИМА барои мустаҳкам намудани сарҳадҳо мулоқот кард. Дар он натиҷаҳои фаъолияти агентӣ дар масъалаи ҳамкории он бо мақомоти дигари муҳофизи қонун ва сохторҳои интизомии ҷумҳурӣ дар масъалаи мустаҳкам намудани муҳофизати сарҳад ва тақвияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши маводи нашъадор муҳокима карда шуданд.                   Р.Назаров ба меҳмонон дар бораи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи назорати маводи нашъадор ва фаъолияти мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ дар мубориза ба муқобили қочоқу гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор маълумоти муфассал дод.  

Март 31, 2009 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст