МУТАХАССИСОНИ ФАРОНСА БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Гурӯҳи мутахассисони фаронсавӣ барои ҳалли масъалаҳои сохтмони терминали нави байналмилалии майдони ҳавоии шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон омад. Корманди дафтари матбуоти сафоратхонаи Фаронса дар Тоҷикистон Сурайё Воҳидова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки зимни сафари гурӯҳи мутахассисони фаронсавӣ масъалаҳои ҷудо кардани маблағ барои сохтмони терминали байналхалқӣ баррасӣ карда мешавад. Намояндагони Фаронса бо роҳбарияти вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат, инчунин роҳбарияти майдони ҳавоии пойтахт мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳукумати Фаронса барои сохтмони терминали мазкур 17 миллион евро ҷудо кардааст. Тибқи нақша, сохтмони он бояд дар арафаи 20 — солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ ба охир расад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






