НАФАҚА БЕ ҚАРЗДОРӢ ТАЪМИН ГАРДИД
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар татбиқи босамари сиёсати давлатии нафақа фаъолияти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳама вақт дар мадди аввал меистад. Соли 2008 корхонаю муассисаҳо ба буҷаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ барои пардохти нафақаи иҷтимоӣ 479 млн.437,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Бо афзудани андозаҳои талаботи моҳонаи пардохти нафақа, ки аз 24,7 млн. то ба 45,1 млн. зиёд гардидааст, нигоҳ накарда, кормандони соҳаи андоз ва нафақа тавонистанд низоми пардохти моҳ ба моҳи нафақаро таъмин созанд. Ин буд, ки соли 2008 бе қарздорӣ таъминоти нафақа ҷамъбаст гардид ва дар соли 2009 сиёсати таъмини нафақа боз беҳтар хоҳад шуд,-иброз доштанд дар дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






