РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ЖУРНАЛИСТОНРО ТАБРИК НАМУД
Қӯрғонтеппа, 10 март (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Имрӯз мулоқоти навбатии раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов бо журналистон баргузор гардид. Мутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Дилшод Раҳмонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки мулоқоти мазкур ба Рӯзи матбуот бахшида шуд. Рӯзи матбуот дар саросари мамлакат ҳар сол 11 март таҷлил карда мешавад. Дар мулоқот собиқадорони соҳаи журналистика, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ва корхонаю муассисаҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат доштанд. Дар фарҷоми мулоқот аз номи маъмурияти вилоят ба собиқадорони соҳаи журналистика ба кормандони беҳтарини воситаҳои ахбори оммавӣ ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Тарҷумон — Қудратов А.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






