РУСИЯ БО ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА САМАРАБАХШ ҲАМКОРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Иҷрокунандаи вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличный зимни суханрониаш дар конфронси байналхалқии илмии бахшида ба проблемаҳои таъмини амнияти давлатҳои Шарқи Миёна дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ изҳор намуд, ки Русия бо вуҷуди таъсири ҷиддии бӯҳрони молиявӣ ба принсипҳои иттифоқчигӣ, шарокат ва ёрии байниҳамдигарӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ содиқ мебошад. Ба қавли ӯ, иштирокчиёни маҷлиси ғайринавбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар Маскав паймон карданд, ки ба мамлакатҳои аъзои созмон барои таъмини вазъи босуботи иқтисодӣ ва бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ тадбирҳои махсус хоҳанд андешид. Бо ин мақсад аз ҷумла, фонди муштараки зиддибӯҳронӣ ташкил карда мешавад, ки сармояи он қариб 10 миллиард доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Давлатҳо аз фонди мазкур қарз гирифта, проблемаҳои худро дар муддати кӯтоҳ ҳал карда метавонанд, гуфт В.Светличный. Нотиқ баъдан дар бораи ҳамкории доманадору серсоҳаи мамлакаташ бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, энергетика сухан ронд. Ба қавли ӯ, Русия тайёр аст, дар ин соҳа бо Тоҷикистон самарабахш ҳамкорӣ кунад. Дар робита мавқеи фаъолонаи роҳбарияти Тоҷикистон дар масъалаи мароқи калони он ба амалӣ сохтани барномаҳои муштарак мисол оварда шуд. Ба туфайли ин, маблағи хариду фурӯши мол дар байни Русия ва Тоҷикистон соли 2008 аз 1 миллиард доллари ИМА гузашт. Русия бо вуҷуди бӯҳрони молиявӣ дар Тоҷикистон силсилаи барномаҳои иқтисодиро амалӣ месозад. Сохтмони НБО «Сангтӯда — 1», ҷустуҷӯи захираҳои гази табиӣ, сохтмони меҳмонхонаи «Ҳаёт реҷенси» биноҳои истиқоматӣ дар деҳкадаи Роғун ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Намояндаи Русия афзуд, ки ҳукумати мамлакаташ барои ҳалли проблемаҳои коргарони муҳоҷири тоҷик низ тадбирҳои судбахш меандешад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






