СОҲИБКОРОН АЗ АНДОЗҲОИ МАҲАЛЛӢ ОЗОД МЕШАВАНД?
Душанбе, 28 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Минбаъд соҳибкорони ватании дар пойтахт буда, ки дар шаҳр ба сохтмон ва бунёди муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ машғул мешаванд, аз андозҳои маҳаллӣ, аз ҷумла андозҳо аз амволи ғайриманқул, фурӯши чакана ва соҳибони воситаҳои нақлиёт озод карда мешаванд. 27 март дар ин хусус дар иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм қарор қабул карда шуд. Ин иқдом мегӯяд раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо мақсади ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонию танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкории ватанӣ дар пойтахт амалӣ гардонида мешавад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






