СЎҲБАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО КАДРҲО

Март 30, 2009 17:57

                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ пешниҳодгардидаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.                      Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаҳои пурмасъулияти давлату ҳукумат ва тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар марҳилаи кунунии бунёдкорию созандагӣ, ки ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум аст, ёдовар шуда, кадрҳои ба вазифаҳои воломақом пешниҳодшударо ба меҳнати садоқатмандона ба манфиати Тоҷикистони азиз ва мардуми шарафманди он ҳидоят намуд.                        Таъкид гардид, ки баҳри бартараф намудани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ аз тамоми кадрҳои роҳбарикунанда сатҳи баланди тахассусӣ, қобилияти хуби ташкилотчигӣ ва кордонӣ талаб карда мешавад.

Март 30, 2009 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ