ТАВАҶҶӮҲИ КИШВАРҲОИ АРАБӢ БА КИТОБИ САРВАРИ ДАВЛАТИ ҶТ

Март 5, 2009 11:26

                     Душанбе, 5-ми март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Ҳафтаномаи арабии Россия «Анба Моску» (Московские новости) як саҳифа аз шумораи навбатии худро зери рубрикаи «Россия ва давлатҳои ҳамсоя» ба мавзӯӣ тарҷумаи арабии китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи Таърих», ки моҳи ноябри соли 2008 дар Қоҳира аз ҷониби «Дору-л-фикр-л-арабӣ» нашр гардид, бахшидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Тоҷикистон дар Мисри Араб хабар доданд.                      Дар мақола ҷумлаҳои «Дини исломӣ ва фарҳанги исломӣ муштаракоти халқи мо ҳастанд», «Бо вуҷуди қатли ом ва ҳамлаҳои таҷовузгарон фарҳанги тоҷикон устувор боқӣ монд» ва «Тоҷикон ба тамаддуни умумибашарӣ Абуллайси Самарқандӣ, Абӯҳанифа, Ибни Сино, Ҷалолидини Румӣ ва дигаронро додаанд» ҳамчун чакидаҳои ин асар бо ҳарфҳои калон сарлавҳагузорӣ шудаанд.                     Рӯзномаи мисрии «ал-Масо» (шомгоҳӣ) низ дар шумораи рӯзи 27 феврали соли равон дар шарҳу тавзеҳи тарҷумаи арабии китоби Президенти Тоҷикистон мақолае бо номи «Тоҷикон дар оинаи таърих….даъват ба наздикшавӣ бо ислом»-ро чоп кардааст, ки он ба қалами рӯзноманигори мисрӣ М.И. ал-Баҳровӣ таалуқ дорад.                     Ёдовар мешавем, ки китобро бо забони арабӣ олима ва тарҷумони шинохтаи Миср Макорим ал-Ғамрӣ тарҷума кардааст. Айни замон тарҷумаи ҷилдҳои дуюм ва сеюми китоби мазкур ба забони арабӣ идома дорад ва моҳҳои наздик ба чоп хоҳад расид.

Март 5, 2009 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад