УМРИ МАЛАХ КӮТОҲ ҲАСТУ ЗАРАРАШ ЗИЁД

Март 5, 2009 10:16

               Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти сардори корхонаи воҳиди давлатии мубориза бар зидди малахи вилояти Хатлон Ҳасан Мухторов, сабаби пайдоиши малах дар қаламрави вилоят, аз ҷумла дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус ва Панҷ, барҳам хӯрдани экспедитсияи мубориза бар зидди малах ва иҷро нашудани созишномаҳо аз ҷониби давлатҳои ҳамсоя; Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба муборизаи муштарак бар зидди малах дар ҳудуди ин давлатҳо мебошад.                Малах ҳамагӣ 75 рӯз умр мебинад, аммо метавонад дар ҷойҳои пайдошудааш миллионҳо сомонӣ ба хоҷагии халқ зарар оварад.                Ташкилоти байналмилалии озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) барои мубориза бар зидди малах 10 тонна заҳрхимикат ба корхонаи мубориза бар зидди малахи вилояти Хатлон дастрас намуд.                 Аз 15-уми март барои дар 80 гектар заминҳои вилоят нобуд сохтани макони тухмгузоштаи малах корҳо оғоз карда мешавнд. Бо ин мақсад аз тамоми имкониятҳо истифода карда мешавад.

Март 5, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд