ҚАРЗИ КАЛОНИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ АСЪОР БА ТОҶИКИСТОН

Апрель 23, 2009 10:08

               Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналхалқии асъор 21 апрел қарори додани қарзро ба Тоҷикистон ба маблағи 116 миллион доллари ИМА маъқул донист. Ин қарз ба Тоҷикистон ба мӯҳлати се сол дода мешавад. Дар навбати аввал аз маблағи қарз 38,7 миллион доллари он пардохта хоҳад шуд.                Аз дафтари матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки маблағи қарзи мазкур асосан барои пур кардани захираи асъори Бонки миллӣ истифода карда мешавад. Раиси Бонки миллӣ Шариф Раҳимзода изҳор намуд, ки Хазинаи байналхалқии асъор ба созмонҳои дигари байналхалқии молиявӣ пешниҳод кардааст, ки ба Тоҷикистон барои бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ 200 миллион доллари ИМА қарз диҳанд.  

Апрель 23, 2009 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ