ҲАЛОКАТИ РОНАНДА
Бадахшон, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Соати 11-и рӯзи 22 -юми апрел ронандаи автомобили УАЗ-469 рақами давлатиаш 062 91 РТ 01 Амиргулхон Ҳайдарови 68 сола, истиқоматкунандаи деҳаи Намангути ноҳияи Ишкошим ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Ишкошим ба тарафи шаҳри Хоруғ дар километри 53 дар мавзеи Бижур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, аз баландии 22 метр ба ҷарӣ меафтад. Ронанда дар ҷои воқеа ҳалок ва се нафар мусофир дар беморхонаи марказии вилоят бистарӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






