ҶАШНВОРАИ НАХУСТИНИ ҶАЗ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Апрель 22, 2009 10:38

                Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар шаҳри Душанбе аз 30 апрел то 3 май ҷашнвораи нахустини санъати ҷаз баргузор мегардад. Дар он ҳунарпешагони Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.                  Хабар дода мешавад, ки дар ин ҷашнвора дастаҳои ҳунарии «Мизроб» аз Тоҷикистон, «Гурӯҳи рақсии ҷаз» аз Озарбойҷон, «Солённые орешки» аз Қирғизистон, «Арвона» аз Туркманистон ва «Арсхон» аз  Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард.Барномаи ҷашнвора намоиши се консерти умумиро дар Театри давлатии драммавии ба номи В.Маяковский ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов дар бар мегирад. Дар рӯзҳои ҷашнвора барои ҳаводорони санъати ҷаз мулоқоту лексияҳо ва машғулиятҳои назариявӣ гузаронида мешаванд.Ташкилкунандагони ҷашнвора ният доранд, ки минбаъд онро ҳар сол баргузор созанд.

Апрель 22, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид