АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Хуҷанд, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Кормандони Раёсати назорати маводи нашъадори вилояти Суғд танҳо дар давоми 20 рӯзи моҳи апрел 11 ҷинояти вобаста ба интиқол ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадорро пешгирӣ ва ошкор намуданд. Дар ин муддат аз қочоқчиёни нашъа 3 килограмму 967 грамм маводи нашъадор мусодира карда шуд. Сардори раёсати назорати маводи нашъадори вилоят Файзулло Абдуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар давоми семоҳаи аввали соли равон ҳамроҳи мақомоти дигари муҳофизи қонуну тартибот се амалиёти муштарак ва ҳамроҳи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қирғизистон як амалиёти муштарак гузаронида шуд. Дар натиҷаи онҳо 38 килограмму 274 грамм маводи нашъадор мусодира гардид. Тарҷумон — Қудратов А.