Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд

Июнь 24, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар конфронси илмӣ-назариявӣ донишмандон, коршиносон, муҳаққиқон ва шоирону нависандагон  доир ба   пойдории  сулҳу ваҳдати миллӣ, нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими он, шоҳкориҳо, корҳои ободонию созандагӣ ва дигар  дастовардҳои мамлакат дар 28 соли  мавҷудияти  ваҳдати миллӣ   ибрози андеша  намуданд.

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода  гуфт, ки «имрӯзҳо, вақте ки субот дар мамлакат пойдор аст ва парчами ваҳдат бо ифтихор парафшон аст, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хуб дарк мекунад, ки ин оромӣ осон ба даст наомадааст. Ин ваҳдат самари ирода, хиради сиёсӣ ва муҳаббати беандозаи Пешвои миллат ба халқу Ватан аст».

Дар фарҷоми конфронс  ба устодон ва донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм- фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ» ва дигар озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро ишғол намудаанд, бо «Ифтхорнома» ва «Сипоснома»-ҳои донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Июнь 24, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад