АЗ ШАҲРИ ЭНГЕЛС ТРОЛЛЕЙБУСҲОИ НАВ БА ДУШАНБЕ МЕРАСАНД

Апрель 3, 2009 11:49

                Душанбе, 3 апреля.(НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).- Рӯзҳои наздик 15 адад троллейбусси нави истеҳсоли ширкати «Тролза Маркет»-и шаҳри Энгелси Русия ба Душанбе мерасад.                Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдуҳомид Шералиев, дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки тибқи қарордоди ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «Тролза Маркет» ба пойтахт дар соли равон беш аз 60 адад троллейбус оварда мешавад. То имрӯз 21 адади троллейбусҳо ба Душанбе оварда шуда, 36 адади дигараш то охири моҳ ба пойтахт мерасанд. Троллейбусҳои мазкур баъди ба расмиятдарории давлатӣ дар хатсайрҳои пойтахт ба мусофирон хизмат мерасонанд.                 А. Шералиев мегӯяд, ки алҳол ба мусофирони пойтахт ҳудуди 2000 адад автобусу троллейбус ва машруткаҳо, ки тобеъи муассисаҳои нақлиётии пойтахтанд хизмат мерасонанд.

Апрель 3, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад