ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард

Декабрь 31, 2025 11:45

ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. ZET-MOBILE пайваста муштариёни худро бо имкониятҳои наву ҷолиб шод мегардонад. Ширкат натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми бузурги «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябри соли 2025 ҷамъбаст намуд. Иқдом аз 15-уми августи соли 2025 оғоз ёфта, то имрӯз садҳо ҳазор муштарӣ аз саросари кишвар ба он ҳамроҳ шудаанд.

Тибқи натиҷаҳои ҷамъбаст, ғолибони моҳи ноябр муайян гардида, соҳиби мукофотҳои пулии зерин шуданд:

  • ID 0325223 — 10 000 сомонӣ
  • ID 0237914 — 15 000 сомонӣ
  • ID 0278169 — 20 000 сомонӣ

ZET-MOBILE ғолибонро самимона табрик намуда, хотиррасон месозад, ки шоҳҷоизаи асосӣ — 1 000 000 (як миллион) сомонӣ ҳанӯз дар пеш аст! Санаи 20-уми январи соли 2026, дар пахши мустақими Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», ҷамъбасти иқдоми бузурги «Миллионро гир» бо тантана баргузор мегардад.

Ҳамчунин, дар пахши мустақим натиҷаҳои давраи панҷум барои моҳи декабр муайян мегарданд, ки дар он ғолибон соҳиби мукофотҳои пулии 10 000, 15 000 ва 20 000 сомонӣ хоҳанд шуд. То имрӯз дувоздаҳ нафар иштирокчӣ соҳиби ҷоизаҳои давравӣ гардидаанд.

Илова бар ин, дар доираи иқдом иштироки фаъолонаи муштариён низ қадр карда мешавад. Панҷ иштирокчии фаъолтарин, ки дар давоми иқдом аз ҳама бештар ID-рамз харидорӣ намудаанд, туҳфаҳои кафолатноки пулӣ аз 10 000 то 30 000 сомонӣ ба даст меоранд.

Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!

+992 800 800 800 | https://zet-mobile.com/

Декабрь 31, 2025 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид