Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таҳти унвони «Арзёбии ҳалли масъалаҳои соҳибкорӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ: аз Паём то Паём» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш изҳор шуд, ки рушди ҳамаҷонибаи соҳаи соҳибкорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат ба шумор меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ доир ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ташаббускори тадбирҳои муассир барои дастгирии бахши хусусӣ мебошанд.
Таъкид шуд, ки дар шароити кунунӣ рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолии инноватсионӣ дар пешрафти устувори иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дорад.
Аз ин рӯ рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Дар ин замина бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ ва густариши муколамаи созанда байни давлат ва бахши хусусӣ дар мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.
Ҳамасола дар баробари дигар бахшу соҳаҳо, таҳлилу амиқу дақиқи вазъ ва дурнамои рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла дастовард ва масъалаҳои рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодиёт яке аз бахшҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ташкил медиҳанд.
Ҳоло дар мамлакат 80 дарсади истеҳсоли молҳо ва 70 дарсади шуғли аҳолӣ бевосита аз ҳисоби бахши хусусӣ ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди мамлакат таъмин мегардад.
Таъкид гардид, ки бо саъю талошҳои аҳлона ва пайгирӣ аз сиёсатҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 ҷомеа бояд ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






