БЕЙРУТ- СОҲИБИ УНВОНИ «ПОЙТАХТИ ҶАҲОНИИ КИТОБ» ГАРДИД
Душанбе. 23 аперл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пойтахти Лубнон -шаҳри Бейрут соҳиби унвони ифтихории "Пойтахти ҷаҳонии китоб" гардид. «Пойтахти ҷаҳонии китоб» гардидани Бейрутро ЮНЕСКО интихоб кард. Назар ба иттилои Кумитаи интихоботии ЮНЕСКО ҳадаф аз интихоби Бейрут ба ин унвони ифтихорӣ тамоюли анъанаи китобдорӣ, нашри китоб, гуногунии фарҳанги он аст. Дар робита Бейрут муддати як сол мизбони як силсила нишасту анҷуманҳои адабӣ мегардад, ки ҳадафи он ташвиқи китобу китобхонӣ дар ҷаҳони Араб ва ҷустуҷӯи беҳтарин шоирону адибони то 40-солаи араб мебошад. Бояд тазаккур дод, ки бори нахуст ЮНЕСКО дар соли 2001 пойтахти Испания — Мадридро "Пойтахти ҷаҳонии китоб" интихоб карда буд. Баъдан «Пойтахти ҷаҳонии китоб» пойтахти Голландия — Амстердам гардид.