БОЗ ЯК ҚАЛЛОБ БА ДАСТ АФТОД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини деҳаи Ҷарқӯрғони ноҳияи Истаравшан Тӯйчибой Хидировро барои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Мавсуф бо роҳи фиреб аз ҳамсояи худ С. Умаров 20 ҳазор доллар барои 50 сотих замин гирифта ба ӯ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартибдодаро пешниҳод кардааст. Ҳангоми тафтишот маълум гардид, ки Т.Хидиров ғайр аз Умаров боз як сокини ноҳияи Истаравшанро фиреб дода аз ӯ 20 ҳазору 500 доллар ба даст овардааст. Имрӯз замин, ки як воситаи беҳ сохтани зиндагӣ мебошад, бо ҳар роҳ мардум кӯшиш мекунанд то порчаи заминеро ба даст оранд, ин кӯшишҳо онҳоро хоҳу нохоҳ ба доми фиреби дигарон мебаранд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






