ДАР ҚӮРҒОНТЕППА МАТБААИ ХУСУСӢ КУШОДА ШУД

Апрель 24, 2009 09:16

                 Қӯрғонтеппа, 24 апрел. (НИАТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар Қӯрғонтеппа матбааи хусусӣ кушода шуд, ки ҶС «Матбаа» ном дорад. Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов дар маросими кушодашавии матбаа зикр намуд, ки роҳбарияти вилоят ҳамеша ташаббусҳои нек ва навигариҳоро дар соҳаи нашри китоб ва пешрафти ВАО дастгирӣ менамояд. «Кушодашавии матбааи нав ба идораҳои рӯзномаҳои маҳаллӣ имконият медиҳад, ки нашрияҳои худро, мисли солҳои гузашта, на дар пойтахт, балки бевосита дар маркази вилоят чоп кунанд»,-гуфт Г. Авзалов. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки матбааи нав бо тамоми асбобу анҷом ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.

Апрель 24, 2009 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад